Фурсат хубе ҳаст, ки ҳамкорӣ бо як расонаи бонуфузро таҷриба кунед ва маош ҳам бигиред.
Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» қабули рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гуруҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои бахши тоҷикии худ, эълон мекунад.
Барои он ки шумо рӯзноманигори шаҳрвандии ин расонаи бонуфуз шавед, зарур нест, ки таҷриба ва собиқаи рӯзноманигорӣ ё кор дар расонаҳоро дошта бошед. Ҳатто маълумоти олии рӯзноманигорӣ низ муҳим нест.
Мо ба онҳое ниёз дорем, ки ба рушди ҷомеа дар Тоҷикистон бетараф нестанд, онҳоеро меҷӯйем, ки дар бораи рӯзгору таърихи ҷолиби инсонҳо ва ҳодисаҳо дар минтақаи худ барои тамоми кишвар ҳарфи гуфтан доранд.
Довталабони мақоми рӯзноманигори шаҳрвандӣ бар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Баъди интихоби довталабон, омӯзиши онлайнии инфиродӣ гузаронида мешавад, ки маҳоратҳои зерин фаро гирифта мешаванд:
Асосҳои рӯзноманигорӣ;
Шеваҳои ёфтани достонҳои ҷолиб;
Дарёфти иттилоъ ва чизҳои зиёди дигар.
Баъди омӯзиши онлайнӣ рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар идораи “Азия-Плюс” ба кор мепардозанд ва барои ҳар матлаби омодакардаашон ҳаққи қалами мувофиқ мегиранд.
Барои ширкат дар озмун, шумо бояд CV-и худро (дар ҳар шакле, ки бошад) ба почтаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва якчанд идеяву мавзуъҳоро барои матлабҳои ояндаатон бифристед. Ҳамчунин зарур аст ин ДАРХОСТИ ОНЛАЙНИРО пур кунед. Дар номи мактуб зарур аст "Рӯзноманигори шаҳрвандӣ" ишора шавад. Рӯзи охирини дархостҳо 10-уми март аст.